Дар шаш моҳи соли равон Раёсати шаҳри Душанбе барои вайрон намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шаҳрвандонро ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷарима кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҳазору 160 сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод, сардори РВКД-и шаҳри душанбе Назарзода Шариф Раҳмон дар нишасти ВКД.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта 3 ҳазору 562 санади маъмурӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 338 навор дар бораи вайрон намудани қоида ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (шикояти сокинон, қонуншиканӣ, наворҳои таҳқири зан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд) пахш гардидааст.
“Ҳар шикоят ва муроҷиате, ки тариқи Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ва сомонаҳои интернетӣ ворид мешавад, дар пайи он дар муддати кӯтоҳ гумонбар боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад”, - илова кард Назарзода Шариф.
Ёдрас мешавем, ки барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар ҳоле ҷазо пешбинӣ гардид, ки духтарони ҷавон мактуби шикоятӣ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳимояти онҳо аз бадрафтории мардон дар хиёбонҳои пойтахт ирсол намуданд. Дар пайи шикояти духтарон шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис доданд, ки ҳамзамон рафтори мардонро 2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард.





Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад
Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд
Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?
Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026
Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста