Суди олии Тоҷикистон ба раисони судҳо дастур дод, ки ҷараёни авфро зери назорати махсус гиранд.

Тавре хадамоти матбуоти Судии оли ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ин ва дигар масъалаҳо рӯзи 19-уми октябр дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 баррасӣ кард”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди олӣ.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Дар маҷлиси корӣ ба раисони судҳо супориш дода шуд, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи онро ба роҳ монанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.