Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод, ки аз оғози соли 2020 ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), фаъолияташ соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба корҳои ошкор ва боздошти боқимонда аъзои ин созмони фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ идома медиҳанд.

“Миёни боздоштшудагон як корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ва наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон ҳастанд”, - гуфт ӯ.

Юсуф Раҳмон овозаҳои байни боздоштшудагон ҳузур доштани кормандони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, кормандони баландпояи вазорату идораҳои давлатиро беасос донист.

“Фаъолияти “Ихвон-у-муслимин” дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон манъ буда, ҳадафи аслии ин созмон сарнагун кардани сохти контситутсионӣ дар давлатҳои гуногун ва барқарор сохтани қонунҳои исломист”, - қайд кард прокурори генералӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.