Далер Шарифов ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гумонбар шудааст.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳороте нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, рӯзноманигори 32-солаи тоҷик “Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.
Дар изҳорот қайд мешавад: “Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст”.
“Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд”, - омадааст дар изҳорот.
Дар идомаи он гуфта мешавад: “Аз ин лиҳоз ва бо назардошти баръало мавҷуд будани таркиби ҷинояти барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҳаракатҳои Шарипов Д.А., 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот идома дорад”.
Дар моддаи мазкур ҷазои маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шудааст.
Адвокатҳо: “Ба ҷамъият хавф надорад ва озод карда шавад”
Ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева рӯзи 31-уми январ нисбат ба қарори иҷозати ҳабси ин рӯзноманигори тоҷик шикоят бурданд. Адвокатҳои Далер Шарифов талаб доранд, ки бинобар аз ҷониби Далер набудани хавф ба ҷамъият, ӯ аз боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ озод карда шавад.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Шоира Давлатова хабар дода, гуфт, ки ин шикоят ба суди болоӣ, яъне суди шаҳри Душанбе равона шудааст. Барои дифоъи ҳуқуқи рӯзноманигори тоҷик ин Марказ 2 ҳимоятгар таъмин кардааст. Ташкилоти ҷамъиятии мазкур узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Падари Далер – Абдуманнон Шарифов пас аз мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Фарзанди ман бо ягон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иртибот надошт ва дар ягонтояш иштирок намекард. Вай журналисти мустақили озод буд”.
Далер Шарифовро 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват карданд. Ӯ 29-уми январ барои идомаи бозпурсӣ ба бинои марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Далер Шарифов собиқ муаллиф ва ровии намоиши “Муошират” дар телевизиони “Сафина” буд. Ӯ солҳои охир расман дар ягон ҷо кор намекард. Боздошти ӯ боиси нигаронии хешовандон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон шудааст.
Талаби риояи волоияти қонун
Рӯзи 30-юми январ қабл аз мурофиаи додгоҳӣ Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон нисбат ба қазияи Далер Шарифов чунин изҳорот нашр кард:
“Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳастем, азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст.
Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди макоми вай – гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт.
Алъон чизи мушаххасе гуфта наметавонем, зеро дастрасӣ ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифов надорем. Ҳамзамон аз мақомоти тафтишот боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад.
Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.