Давоми чанд рӯзи охир бо мусоидати аҳолӣ 35 ронандаи қонуншикан ҷарима ва ҳолатҳои қоидавайронкунии боз 27 ронанда баррасӣ мешавад.

Сокинони шаҳри Душанбе аксҳои 62 мошинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, ки ронандагони онҳо ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт дағалона ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳамагӣ дар давоми 2 рӯзи аввали баррасӣ 35 ҳолати қоидавайронкуниҳои дар аксҳо иъикосшуда ошкор ва муайян гардид.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” (рақ. давлатиаш 4242 НР 01) Аъзамҷон Ҳакимзода, ки бо суръати баланд ва кушодани парчами давлатӣ дар шишаи мошин ҳаракат мекард, муҷозот шуд.

“Ҳеҷ яке аз аксҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошташуда бо ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бе таваҷҷуҳу баррасӣ намемонад”, - итминон медиҳад милитсияи пойтахт.

Муайян шудааст, ки ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағал ба самти муқобили роҳ ҳаракат кардаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.