Бо гумони дуздии 6 сар гов дар ҷануби кишвар 3 нафар дастгир шуданд.

Тибқи иттилоии ВКД, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи ноҳияи Данғара аз гум шудани 2 сар чорвояш ба ШВКД-и ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кардааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокинони ноҳияҳои Данғара ва Ҷайҳун – мардони 20, 22 ва 28-соларо боздошт карданд.

Инчунин гумонбарони мазкур шаби 13 ба 14-уми феврал аз оғили ҳавлии истиқоматии марди 69-солаи сокини ҳамин ҷамоат 4 сар чорвои калони шохдорро дуздиданд, ки арзиши онҳо ба 4 ҳазору 800 сомонӣ баробар аст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дуздии чорво дар Тоҷикистон зуҳуроти нав нест. Кормандони милитсия аввали соли ҷорӣ дар шимоли кишвар низ 2 нафарро бо гумони дуздии чорво дастгир карда буданд. Гумонбарон молҳоро бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд. Арзиши эҳтимолии чорвои рабудаи онҳо қариб 40 ҳазор сомонӣ будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.