Дар доираи баргузории амалиёти шартии “Корд” дар шаҳри Душанбе, ки аз охири соли гузашта ҷараён дорад, сокини 42-солаи пойтахт Зафар Чилаев дар бозори “Корвон” боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯши маводи таркибан силоҳмонанд ё худ яроқҳои сард машғул буда, аз ӯ 1 ҳазору 650 адад корду кастет ва электрошоку чӯбдастҳо мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба Зафар Чилаев бо моддаҳои 492 (Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард) ва 510 (Иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

Сурат: РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе

Суд дар навбати худ 19-уми феврал нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Зафар Чилаев дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъин кард. Маводи мусодирашуда нобуд карда мешавад.

Ёдрас мекунем, дар мақомоти милитсияи пойтахт амалиёти шартии “Корд” ҷараён дорад, ки дар рафти он тадбирҳои аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дарёфт кардан ва мусодираи яроқи сард, аз ҷумла, корду кастет, электрошоку чӯбдастҳо ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Ҳолатҳои зӯроварӣ ва муноқишаҳо бо истифода аз яроқи сард ахиран дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвоӣ ва хунукназарии волидону омӯзгорон ва ҳамаи аҳли ҷомеа сабаби аслии афзоиши падидаҳои манфӣ миёни ноболиғон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.