Сокини ноҳияи Лахш Сатибалди Далиев бо қарори суди маҳаллӣ ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, аввали моҳи феврали соли равон ӯ дар манзилаш ва чойхонаи маҳаллӣ барои баргузории маросими азодории “сол”-и модараш барои 50-60 нафар дастархон оростааст. Барои меҳмонон чорво забҳ карда шуда, ду навъи таом – шӯрбо ва оши палав пешниҳод шудааст.

Дар қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” баргузории маросимҳои азодории се, чил ва сол бо забҳи чорво ва додани таъом манъ карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.