Вохӯрии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов бо аҳли хонаводааш имрӯз, 6-уми март дар боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

“Имрӯз бо Далер вохӯрдем. Писарам аз чизе шикоят надорад. Вазъи саломатияш хуб аст. Умедворем, ки ояндаи наздик озод шуда, ба назди хонавода бармегардад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” падари Далер – Абдуманнон Шарифов.

Вай афзуд, ки Далер дар боздоштгоҳ бештар ба мутолиа машғул аст: “Писарам аз ашъори Мавлавӣ 500 мисраъ аз ёд кардааст ва китобҳои зиёд хондааст. Мо ба ӯ китобҳоро дастрас мекунем”.

Ёдовар мешавем, ки Далер Шарифов 30-юми январи соли равон бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шуд.

Абдуманнон Шарифов баъд аз он мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Фарзанди ман бо ягон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иртибот надошт ва дар ягонтояш иштирок намекард. Вай журналисти мустақили озод буд”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар робита ба қазияи Далер Шарифов изҳороте мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд... 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид”.

Ба ӯ ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.

Вокуниши созмонҳову рӯзноманигорон

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми феврал бо нашри як изҳорот, ки зераш 8 созмону 37 журналист имзо гузоштанд, нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти Далер Шарифов баён карданд. Дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват гардида буд, ки чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад ва таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байнулмилалӣ гузаронда шавад.

“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд: “Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ – Афви Байнулмилал, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, Дидбони Ҳуқуқи Башар низ хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.