Вазъи саломатии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов дар боздоштгоҳи тафтишотӣ бад шудааст. Волидайнаш аз мақомоти дахлдор хоҳиш доранд, ки фарзандашонро барои муолиҷа ба беморхона интиқол бидиҳанд.
Абдуманнон Шарифов – падари Далер ба “Азия-Плюс” гуфт: “Дирӯз бо писарам дидорбинӣ доштем. Ӯ аз хуруҷи беморияш шикоят кард. Мо бо хоҳиши Далер ба мақомоти дахлдор мактуб менависем, ки ӯ ба табобат эҳтиёҷ дорад. Ақаллан, як моҳ ӯ бояд зери назорати табибон дар беморхона бошад ва муолиҷа шавад. Бемории қалбаш хуруҷ кардааст. Далер гуфт, ки чанд рӯз боз нафасаш мегирад ва дилаш дард мекунад. Ҳар маротибае чунин ҳолатҳо дар ӯ пайдо мешуд, дар беморхона табобат мегирифт. Мо ҳоло бо мактуб ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат мекунем. Ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди мактуби дигар ба Вазорати адлия дар бораи бемории Далер маълумот дода, хоҳиш кардем, ки ӯ дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта шавад”.
Номбурда илова кард, ки аҳли оилаи онҳо омодаанд, баъд аз интиқоли Далер ба беморхона тамоми хароҷоти табобати ӯро ба уҳдаи худ бигиранд.
“Мо тамоми хароҷоти муолиҷаи писарамонро дар беморхона ба уҳда мегирем. Тамоми кӯшишҳои худро барои табобат ва сиҳат шудани фарзандамон равона мекунем. Умед дорем, ки муроҷиати мо сарфи назар намешавад ва барои бистарӣ кардани Далер дар беморхона иҷозат медиҳанд”, - гуфт Абдуманнон Шарифов.
Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрел Далер Шарифовро ба муҳлати 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.
Адвокати ӯ – Абдураҳмон Шарифов ба рӯзноманигорон гуфт, ки зерҳимояаш дар сухани ниҳоии худ айбномаро мутобиқи моддаи 189 КҶ ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эътироф накард.
“Ӯ изҳор дошт, ки аз рӯйи ин модда худро гунаҳкор намешуморад, лекин иқрор шуд, ки дар китобаш ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро барои таҳияи китоб маҳкум карданд”, - афзуд адвокат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста