Тоҷикматлубот ба соҳиби қаблии бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҶСП “Фартуна” беш аз 3 миллион сомониеро, ки бо қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муваззаф шуда буд, пардохт.
"Панҷшанбе" калонтарин бозори хӯрокифурӯшии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аст, ки 20 сол дар тобеияти “Фартуна” буд ва бар пайи як баҳс бо ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ, соли гузашта ба "Тоҷикматлубот" баргардонида шуд.
Хуршеда Бобоева, мудири бозори “Панҷшанбе”-и Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, баргардонидани маблағ бе баҳсҳои зиёдӣ ҳалли худро ёфт.
“Тоҷикматлубот ба суратҳисоби ҷамъияти “Фартуна” 3 миллиону 385 ҳазору 169 сомонӣ гузаронид ва баҳс ба охир расид”.
Бозори “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 муфлис гардидаву аз сӯи ҷамъияти “Фартуна” хусусӣ гардонида шуда буд. Қаблан Муҳаммадӣ Мирзоев, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд зимни як нишаст гуфта буд, бо гузашти беш аз 20 сол ва дар асоси ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ, бозори “Панҷшанбе” моҳи августи соли 2020, ба моликияти “Тоҷикматлубот” соҳиби қаблияш баргардонида шуд. Вай гуфта буда дар сурати “Тоҷикматлубот” ихтиёран маблағи бо қарори додгоҳи иқтисодӣ муайян шударо пардохт накардан, ҷамъияти “Фартуна” метавонад ба судиҷрочиён муроҷиат кунанд.
Бино ба гуфти баъзе аз масъулини бозор ин маблағҳое ҳаст, ки ҷамъияти "Фартуна" дар тӯли солҳо барои ободониву нигаҳдоӣ ва хариди дастгоҳҳо ба бозор сарф карф кардааст.
Бозори “Панҷшанбе” аз ду ошёна иборат буда 300 нуқтаи савдо дорад ва дар дохилу атрофи он 1280 нафар бо савдои молу маҳсулот машғуланд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста