Субҳи имрӯз, даҳҳо нафар мусофироне, ки тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” дар минтақаи Панҷакент бояд ба Ӯзбекистон мерафтанду аз ин кишвар ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд.
Аксари ин мусофирони ҷамъшуда ҳама сокинони шаҳри Панҷакент буда, далели таҷаммуяшон, баста шудани гузаргоҳи мазкур мебошад, ки сар аз шаби 3-юми август тамоман баста шудааст.
Пештар аз ин мусофироне, ки билети парвоз ба Русияро доштанд, метавонистанд аз ин сарҳад гузаранд, вале ба гуфтаи мусофирони бандмонда, аз дирӯз ин ҷониб сарҳадбонон убури марзро барои муҳоҷирон низ иҷозат надодаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонон далели иҷозаи надодани убури марзро низ ба мусофирон нагуфтаанд.
То кунун мақомоти шаҳри панҷакент, далели баста шудани марзро расман шарҳ надодаанд.
Бархе аз мусофирони ҷамъшуда мегӯянд, ки онҳо аз бонк қарз гирифта ба Русия рафтанӣ буданд.
Баъди чанд соати интизорӣ дар назди ҳукумати шаҳрдории Панҷкенд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба назди онҳо баромада, ваъда додааст, ки мушкили онҳоро баррасӣ мекунанд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки бар пайи баста шудани марз, байни мусофирон ва ширкатҳои чиптафурӯшӣ нофаҳмие ба миён омадааст.
Аз Тоҷикистон, ҳамарӯза садҳо нафар тариқи Ӯзбакистон ба Русия парвоз мекарданд, зеро арзиши чипта ба маротиб аз Тоҷикистон арзон аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста