Тибқи тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон замони бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт аз 72 соати қаблан пешбинишуда ба 48 соат кам карда мешавад. Дар ин бора муовини Додситони кулли Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.
Номбурда, ки лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро дар ҷаласаи дирӯзаи парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ҳоло кодекси мазкур муқарар кардааст, ки шахсро аз лаҳзаи боздошт бояд дар давоми на бештар аз 72 бозпурсӣ кунанд.
- Дар лоиҳаи пешбинишуда шахси гумонбаршуда набояд аз 48 соат зиёд бозпурсӣ карда шавад, - гуфт Рофизода.
Гап сари он аст, ки бар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон боздошти шахс бо асосҳои ҷойдошта ба муҳлати зиёда аз 72 соат мумкин нест. Бо гузашти 72 соат дастгиршуда бояд раҳо шавад, ё нисбаташ чораи дигари пешгирӣ татбиқ гардад. Акнун ин муҳлат аз 72 соат ба 48 соат кам карда шуд.
Рофизода Мирзоамон ҳамчунин, гуфт, муҳлати бозпурсии ноболиғон аз лаҳзаи боздошт аз 24 соати муқараршуда ба 12 соат кам карда шуд.
Ӯ ин тасмимро ба осебпазир будани ноболиғон ва таъмини босамари ҳуқуқу манфиатҳои қонуни кӯдакон маънидод кард.

- Тибқи муқаррароти Кодекси амалкунандаи мазкур маҳдудияти зарурии давомнокии пурсиши ҷабрдидаи нобилиғ ба синну соли онҳо пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешбинишуда маҳдудиятҳо вобаста ба давмнокии пурсишҳои ҷабрдида аз рӯи синну сол - то 7, 14, 16 ва аз 16 то 18-сола пешбинӣ карда шуд, - шарҳ дод муовини Додситони кул.
Ҳамчунин, вакили парлумон Раъно Бобоҷониён дар шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур гуфт, он барои ба инобат гирифтани ҳуқуқи ноболиғон ва таъмини босамари манифтаҳои қонунии онҳо пешбиниӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста