Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд даҳ ҳуҷраеро дарёфтанд, ки ба сифати фоҳишахона истифода мешуданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, як ҷавонзани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 10 ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳр аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.
“Гуё чунин аст, аммо милитсия ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фоҳишахона ташкил шудааст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд.
“Хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст, - зикр мешавад дар хабар. - Яъне аз 100 то 150 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд”.
Зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи ноябри соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Дар ин тағйироту иловаҳо сангинтар шудани ҷазо барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо пешбинӣ шуда буд.
Он замон зикр шуда буд, ки минбаъд барои такроран боздошт шудан, моликони фоҳишахонаҳо ба муҳлати аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Қаблан барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, қонунгузории Тоҷикистон барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ ҷазо муқаррар накардааст. Дар ҷумҳурӣ фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншикании маъмурӣ маҳсуб меёбад.
Дар Тоҷикистон барои фоҳишагарӣ дар ҳаҷми аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Агар зан дар давоми сол ду бор барои ин кор ба ҳабс гирифта шавад, пас аз 10 то 15 шабонарӯз боздошт шуда метавонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста