Хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳасан Ҳидоятов ва ҳаммаслаки ӯ, ки аз шаҳрвандон ҳангоми гузаштани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон “ҳақ” (доля) мегирифтанд, авф шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ.

“Ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Муҳаммадҷон Ҷӯраев аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда мегирифт”, - омадааст дар хабари Агентӣ.

Ҳидоятов аз ҷониби кормнадони Агентӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” (шаҳри Турсунзода) ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонӣ бо далели шайъӣ дастгир шуд.

Нисбати Ҳасан Ҳидоятов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) ва нисбати Муҳаммадҷон Ҷӯраев бо моддаҳои 247, 319 ва 36 (Навъҳои иштирок дар ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвнадаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани қонун “Дар бораи авф” парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони зикргардида қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Бомдод” бо истинод ба манбаъҳои худ дар бораи далели дигари боздошти афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм дар марзи шаҳри Панҷакент бо ноҳияи Ургути  вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ба гумони порагирӣ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, афсари қисми низомии 0203-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рӯзи ҷумъа, 21 январ ҳангоми аз шаҳрвандон гирифтани пора барои “иҷозат додан ба убури сарҳад”, яъне “доля”, дастгир шудааст.

“Бомдод” менависад, гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм  яке аз гузаргоҳҳои умда дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон буда, ба гуфтаи корафтодагон, масъулони ин гузаргоҳ, аз ҳар нафаре, ки ба Ӯзбекистон меравад, “ҳақ” талаб мекарданд. Ба истиснои шаҳрвандони Русия ва хориҷиён.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз сохторҳои марбута дар ин бора маълумот дарёфт кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.