Дар Панҷакент алайҳи сармуҳосиби мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба иттилои торнамои расмии Додситонии кулл, сармуҳосиб ин мактаб, Ҳусейн Маҷидов "зимни фаъолияти корияш бо мақсади ғаразнок ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб додааст. Ӯ дар санадҳо бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнаташро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронидааст".
Манбаъ мегӯяд, сармуҳосиб ин маблағро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда ба давлат ба микдори калон зарари моддӣ расидааст.
Додситонии шаҳри Панҷакент, алайҳии Маҷидов Ҳ, парвандаро бар асоси моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.
Ин тизор меравад имрӯз, ҳукми Додгоҳи шаҳри панҷакент дар баробари Маҷидов эълон шавад.
Қодекси ҷиноӣ барои нафароне, ки бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба ҷиноятӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” мезананд ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо пешбинӣ кардааст.
Ҳамзамон нисбати касе, ки тибқи моддаи 323 ҷазо мегирад дар асоси қонун ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб пешбинӣ шудааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста