Як тоҷири бозори «Корвон»-ро барои фурӯши силоҳи сард боздошт ва ба мӯҳлати панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд.
Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, паҳнкунандаи силоҳ ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт боздошт шудааст.
РВКД дар шаҳри Душанбе аз ӯ соҳибкори инфиродӣ Зафар Чилаеви 44-сола, сокини пойтахт ном мебарад, ки ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда (корд) машғул будааст.
- Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд, - омадааст дар хабари РВКД Душанбе.
Нисбат ба Зафар Чилаев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста