Роҳбарияти Оҷонсии назорати маводи нашъадори кишвар афзоиши якбораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон бо маводи мухадир, ба афзоиши қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар як соли охир маънидод кард.
Ҳабибулло Воҳидзода, роҳбари оҷонсӣ дар шарҳи суоли хабарнигори “Азия-Плюс” вобаста ба ин масъала гуфт, оморҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва вақте аз Афғонистон ба Тоҷикистон зиёд ворид мешавад, ҳамин тариқ, ҷинояткорон онро аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо, аз ҷумла ба Ӯзбекистон интиқол медиҳанд.
- Дар нимсолаи соли 2021 166 нафар бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар хориҷ аз кишвар боздошт ва аз онҳо 22 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд. Вале дар соли 2022-юм 135 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар дигар давлатҳо боздошт ва аз онҳо 278 кг маводи мухаддир мусодира шуд. Яъне ҳарчанд шумораи боздоштшудагон кам шудааст, вале ҳаҷми маводи мухаддир афзоиш ёфтааст, - гуфт Воҳидзода.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми тақрибан як соле, ки “Толибон” дар раъси ҳукумати Афғонистон қарор доранд, талошҳои қочоқи маводи мухаддир бештар шуда, воридоти беш аз 3 тонна маводи мухаддир ба Тоҷикистон пешгирӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2020 ҳаҷми содироти маводи мухаддир дар сарҳади ин кишвар 1 тоннаро ташкил дода буд.
Ӯ сабаби асосии ба кишварҳои хориҷа интиқол додани маводи мухадирро ба нархи он маънидод кард, ки ҷинояткорон мехоҳанд онро ҳар чӣ қиматр фурӯхта, пули муфт ба даст биёранд.
“Дар ҳама ҳолат, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷи кишвар мо инро пайгирӣ мекунем. Оиди ҳолатҳои гуфтаи шумо (афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Ӯзбекистон бо қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд-муаллиф) корҳои оперативӣ аз ҷониби Агентӣ идома дорад. Шахсоне, ки ба ин ҷиноят даст доранд, бо пайдо шудан дар ҳудуди Тоҷикистон нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, - гуфт роҳбари оҷонсии назорати маводи мухаддир.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан як соли охир, расонаҳои Ӯзбекистон пайваста аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар иттилоъ нашр мекунанд. Бори охир, рӯзи 3 август расонаи “Podrobno.uz” аз мусодираи беш аз 14 кг маводи мухаддир дар ин кишвар хабар дод, ки дар байни гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд.
Ин расона моҳи май низ хабар дода буд, ки ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони гази дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз баллонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст.
Ҳамин тариқ, як сол пеш, расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ҳудуди 100 кило маводи мухаддир дар постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ки мутааллиқ ба шаҳрванди Тоҷикистон будааст, хабар доданд.
Гуфта мешуд, ки дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре дар мошин мушоҳида нашуда, зимни азназаргузаронии ядак (притсеп)-и автомашинаи боркаш бо ёрии сагони хидматӣ маълум шудааст, ки дар қисмати пеши ядак беш аз 93 бастаи полиэтиленӣ пинҳон карда шудааст.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста