Дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шахсони воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ қарор доранд, ки тартиби пешбурди он бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тасдиқ шудааст.
Дар ин бора, зимни мизи мудаввари “Татбиқи Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва мушкилоти он”, ки бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Барно Саидвализода хабар дод. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти судӣ ва прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Кумитаи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, инчунин баъзе ташкилотҳои дигар иштирок доштанд.
Ин масъули давлатӣ таъкид намуд, ки нисбати беш аз 9,3 ҳазор қарздор маҳдудияти хориҷ шудан аз кишвар ҷорӣ гардидааст.
Тадбирҳои андешидашуда, ба гуфтаи Саидвализода, натиҷаи мусбат доданд: ҳудуди 2,2 ҳазор қарздор қарзҳои худро пардохт карданд, ки маблағи умумии онҳо 9,4 миллион сомониро (беш аз 862 ҳазор доллар) ташкил додааст.
Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон бо қарори ҳукумат 2 марти соли равон тасдиқ карда шуд. Дар Феҳрист маълумот дар бораи қарздороне, ки тибқи қарорҳои суд бояд қарзро пардохт кунанд, вале бо гузашти се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд онҳо ба пардохти қарзи худ шурӯъ накардаанд, зикр карда мешавад.
Дар рӯйхат маълумот дар бораи қарздорон – мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсоне, ки аз оғози давраи пардохти ҳатмӣ то 3 моҳ нагузаштаанд, ворид карда нашудааст.
Феҳрист дар шакли коғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Шакли электронии Феҳрист дар вебсайти Хадамоти иҷро ҷойгир карда шудааст.
Феҳрист кадом маълумотро дар бар мегирад?
Феҳристи қарздорон маълумоти зеринро дар бар мегирад:
– номи пурраи карздор – шахси воқеӣ, ҷойи истиқомат, сана ва ҷойи таваллуд, ҷойи кор, агар маълум бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда;
- номи қарздор - шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
-рақам ва санаи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро;
- санади судӣ, санади мақомоти давлати ё шахси мансабдор ва санаи кабули он;
– номи пурраи даъвогар – шахси воқеӣ, ҷойи истиқомати ӯ, сана ва маҳалли таваллуд, рақами мушаххаси андозсупоранда;
- номи даъвогар - шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
– мазмуни ҳуҷҷати иҷроия, ки маблағи ситонидашавандаро нишон медиҳад;
– маълумот дар бораи иҷрои талаботи хуҷҷатҳои иҷроия;
– санаи аз феҳрист хориҷ намудани қарздор.