Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоалиев, як ҷавони 19-соларо барои бадрафторӣ нибат ба як ҷавондухтар боздошт намуданд. Ӯ пас аз нашри навори шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи духтар ва талаби чораандешӣ, аз ҷониби милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД-и Душанбе Умедҷон Мирзоалиев санаи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дақиқа дар кӯчаи М.Турсунзода ба духтаре муносибати дағалона мекунад ва он духтар ҳодисаро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор менамояд.

Пас аз таҳқиқи навор, Умедҷон Мирзоалиев, зодаи ноҳияи Восеъ, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, боздошт ва нисбати ӯ маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст.


“Дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор дошт, ки воқеан  нисбат ба ҷавондухтар бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст”, - навиштааст ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи боздошти ҷавонон барои рафтори бад алайҳи духтарон нест. Қаблан низ милитсияи пойтахт аз боздошти ҷавонон дар робита ба муносибати дағал ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.