Парвандаи нав ва ҳамакнун чорум бар зидди Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик боз шудааст, бар асоси шикояти як маҳбус бо номи Ҳасан Ҳасанов оғоз гардидааст. Ҳасанов даъво кардааст, ки вакили дифоъ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ 42,5 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба номаи худи Бузургмеҳр Ёров, ки аз зиндон навишта шудааст, хабар медиҳад.
Маҳбуси даъвогар иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.
“Ба иддаои Ҳасанов, ҳамсари ӯ, Тағоева Боғигул, моҳи апрели 2022 ба наздикон, аз ҷумла ба хоҳар ва ба ҳамсари Бузурмеҳр қисме аз пул ё 15 ҳазор сомонӣ додааст", -зикр шудааст дар нома.
Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз тафтишот хостааст, ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр гуфтааст, даъвогар Ҳасан Ҳасанов, ки соли 2018 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, барои онҳо ношинос нест ва дар гузашта, ба созмони “Бунёди Бузургмеҳр” нома навишта, дар бораи зиндониҳо хабар медодааст. Ҷамшед Ёров бар ин аст, ки “маҳбус Ҳасанов зери фишори мақомот зидди Бузургмеҳр баёнот додааст”.
Мавқеи мақомот ва наздикони даъвогар дар робита ба парвандаи нав маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки расо як моҳ пеш, “Бунёди Бузургмеҳр”, як созмони ҳуқуқӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, хабар дода буд, ки бар зидди Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дар ҳолати ретсидивиӣ (моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б”) парвандаи нав боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Он замон маълум набуд, ки Ёров мушаххас ба чӣ амале гумонбар аст.
Гуфта мешавад, ки ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Он вақт, Бунёди “Бузургмеҳр” аз номи модари Бузургмеҳр Ёров нигаронӣ карда, буд, ки “дар Тоҷикистон ягон ташкилоти адвокатӣ, адвокатҳои шинохта ва ё ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба ҳимояти шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо адвокатҳо машғуланд, аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ, ҳимояи писарашро ба зимма намегиранд”.
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.
Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста