Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Рустам Холиқов, роҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва директори пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо расман тасдиқ кард ва гуфт, ӯ дар ҳабс қарор дошта, нисбаташ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ӯ расман 25-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуда, ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316 қисми 3 банди “в”) ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “а”) гумонбар аст.
Моддаи 316 қисми 3 аз 912 то 1825 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 68 сомонӣ баробар аст) ҷарима ва ё аз 5 то 10 сол ва 245 қисми 4 аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Додситонии кул бо такя ба чанд банди қонунгузорӣ аз додани иттилои бештар дар робита ба боздошти роҳбари пешини ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” худдорӣ кардааст.
Дар ҳоле, ки “Азия-Плюс” дар мактуби расмии худ аз Додситонии кулли кишвар хоста буд, ки оид ба сабаби боздошт ӯ маълумоти муфассал пешниҳод кунанд.
Дар мактубе, ки бо имзои М. Ғанизода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” расид, бо такя ба моддаи 177 қисми 1 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ (муфаттиш дар назар аст, - аз идора) ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст”.
“Бо ин асосҳо пешниҳоди дигар маълумотҳо вобаста ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ айни ҳол ғайриимкон мебошад”, - омадааст дар посухи Додситонии кул.
Аз Рустам Холиқов шикоят доред? Ба Додситони кул муроҷиат кунед!
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват кардааст, ки дар ҳолати мавҷуд будани маълумот нисбати амалҳои ғайриқонунии Рустам Холиқов ба Додистонии кул муроҷиат намоянд.
Охири моҳи май, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Рустам Холиқов боздошт гардида, “ба “азхудкунӣ ё исрофи маблағ”, “сохтакорӣ” ва “қаллобӣ” муттаҳам аст”.
Ин расона навишта буд, ки “амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст. Парванда ба замони кораш дар ширкати “Тоҷик Эйр” пайванд дорад”.
Ин бори дуввум аст, ки Рустам Холиқов аз сӯи мақомот боздошт мешавад. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ моҳи августи соли 2019 “қабл аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда, вале баъдан раҳо шуда буд”.
Дар бораи таърихи муфлисшавии ширкати “Тоҷик Эйр” аз матлаби “Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?” муфассал маълумот пайдо кунед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста