Дар Тоҷикистон ба ду кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва дар асоси он ҷавобгарии маъмурӣ барои рондани мошин бо рақамҳои қайди давлатии дигар ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои тақаллуби рақамҳои қайди давлатӣ сахттар шудааст. Инчунин, дар баъзе ҳолат ронандагонро зиндон ҳам таҳдид мекунад.
Маълумот дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар махзани иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Дар асоси он, ҷарима барои рондани мошин бо рақами қайди давлатии дигар кас 3 маротиба ва барои тақаллубкории рақами мошин 5 маротиба зиёд шудааст.
Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла, ба моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шудаанд, ки барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекунад.
“Ба онҳо ҷазо ба андозаи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол таъйин карда мешавад”, - омадааст дар моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Ҳамин тариқ, ҷарима, ки ҳоло аз 680 то 1020 сомонӣ (аз 63 то 94 доллар) аст, соли 2024 аз 2040 то 3400 сомонӣ (аз 188 то 313 доллар) хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки аз 1-уми январи соли 2024 ҳаҷми нишондиҳанда аз 68 сомонӣ то 72 сомонӣ зиёд карда мешавад. Мутаносибан, ҷарима барои сафар бо рақами каси дигар низ афзоиш ёфта, аз 2160 то 3600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, агар қаблан барои ин амалҳо шаҳрвандон 6 моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешуданд, акнун ин муддат то 1 сол дароз карда мешавад.
Бо қабули тағйирот ба моддаи 212, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тақаллуби рақамҳои мошин сахттар шудааст.
“Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт, бо ҷарима ба андозаи аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад”, - омадааст дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ.
Мутаносибан, аз 1-уми январи соли 2024 маблағи ин ҷаримаҳо афзоиш меёбад - тибқи нишондиҳандаи нав ҷаримаи ин банди қонун аз 36 ҳазор сомонӣ то 72 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар асоси иловае, ки дар қисми 3-и моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ ворид шудааст, акнун “агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол ҷазо дода мешавад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки моҳи июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро аз мақом барканор ва ба раиси нав дастур дод, ки ҳамаи кормандони БДА аз нав аз аттестатсия гузаронад.
Сипас хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар сабаби ин дастурро вазъи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон кард.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеъ ин дастурро ба рабудан ва қатли бонкир, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев марбут медонанд. Тибқи тафтишот мошине, ки бонкирро рабуда буд, аз чанд рақами қалбакӣ, ҳатто хориҷӣ истифода кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки норозигии раиси ҷумҳури кишвар аз он сабаб шудааст, ки одамон дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ бо рақамҳои қалбакӣ ё шахси дигар мошин меронанд ва аз ин рӯ, ӯ талаб кардааст, ки ҷазои ин ҷиноятҳо сахттар карда шавад.
Пас аз интиқодҳои раиси ҷумҳур, хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ эълон кард, ки барои ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии кишвар гурӯҳи корӣ таъсис додаанд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста