Дар Маскав як марди гумонбар ба қочоқи маводи наъшъаовар, мошини кормандони гумрукро дар роҳ рабуд. Онҳо ӯро барои бозпурсӣ мебурданд.

Тавре ки РЕН ТВ ва телеграм-каналҳои «112», Mash ва Shot хабар медиҳанд, шоми 11 январ кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Внуково шаҳрванди Тоҷикистонро, ки маводи нашъаовар интиқол медод, боздошт намуданд.

Вақте ки мард ба ҳамкорӣ бо мақомоти тафтишот розӣ шуда, ваъда мекунад, ки баёнот медиҳад, қарор мекунанд, ки ӯро ба бозпурсӣ баранд.

Аммо дар роҳ ба шуъбаи пулис, вақте ки ронандаи мошини гумрукчиён ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ даромада, аз автомашина берун меравад, боздоштшуда бо завлонаҳо дар даст сари чанбарак нишаста, мошинро мерабояд.

Баъдтар автомашинаро дар гузаргоҳи Бескудниково дарёфтаанд, лекин сари чанбарак ҳеҷ касе набуд.ааст. Мардро дар яке аз зарфи партовгоҳҳо, ки каме дуртар аз ҷойи мошинро гузоштаи ӯ қарор дошт, пайдо кардаанд. Пас аз ин шаҳрванди Тоҷикистонро бори дуюм ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.