Дар Тоҷикистон бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Чалишов Р.С. аз 29-уми декабри соли 2022 то лаҳзаи боздошт дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” фаъолият намуда, дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. ба ҳайси адвокат иштирок варзидаааст.
Шаҳрвандони гумонбаршуда бо моддаҳои 130 (одамрабоӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам шуда, парвандаи онҳо дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад.
Агентии зиддифасод менависад, адвокат “аз ҳолати оҷизии наздикони судшавандагон моҳирона истифода бурда, аз онҳо бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд нисбати зерҳимоягонаш кам таъин кардани муҳлати ҷазо маблағи 200 000 сомонӣ талаб намуд”.
“Хешовандони судшавандагон А.О.С. ва Р.Б.И. аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Чалишов Р.С. розӣ шуда, ба номбурда моҳи июли соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Душанбе маблағи 200 000 сомониро дастрас намуданд”, - омадааст дар хабар.
Афзуда мешавад, ки дар натиҷа Чалишов Р.С. баъди гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати зерҳимоягонаш ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.
Назари худи вакили дифоъ ё пайвандону намояндагонаш маълум нест.
Ҳоло нисбати Чалишов Р.С. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Тибқи ин модда адвокатро ба андозаи аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё аз 8 то 12 сол зиндон интизор аст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста