Ду зане, ки навори муноқишаи онҳо бо як ҷавонзан рӯзи 4‑уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромада буд, аз тарафи пулиси пойтахт дастгир ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 5‑уми июл хабар дод.
Ба навишти манбаъ, боздоштшудагон Сафаргул Сафаралиеваи 34-сола ва фарзанди ноболиғаш З.Н.-и 14-сола, ки ҳарду сокини пойтахт мебошанд, ҳамсояи худ Мадина Гуловаи 26-соларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ доштааст, латукӯб кардаанд.
Зикр шудааст, ки миёни ин ду ҳамсоя солҳост хусумат вуҷуд дошта, муноқишаи ахир дар пайи муноқиша миёни кӯдакони ноболиғи онҳо сар задааст.
“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати Сафаралиева Сафаргул тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - хабар додааст ин ниҳод.
Моддаи мазкур ҷарима аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати боздошти нафарони қоида ва қонунвайронкун, баъди нашри навору акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Қариб ҳар ҳафта мақомоти интизомии кишвар аз боздошту муҷозоти чунин шахсон пас аз оммавӣ шудани кирдори онҳо хабар медиҳад.
Чаро бо вуҷуди расонаӣ шудани муҷозоти нафароне, ки кирдори хилофи қонуни онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ин амал аз ҷониби сокинони дигар такрор мешавад, дар матлаби “Аз понздаҳ шабонарӯз ҳабс то 720 сомонӣ ҷарима”. Чаро ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт ислоҳ намешаванд?” мутолиа намоед.
Чемпионати CAFA-2024: Тоҷикистон ҳамсолони худро аз Афғонистон мағлуб кард
Пешниҳоди таҷрибаи саноатикунонии вилояти Свердовски Русия ба Қоҳир Расулзода
“Аудикитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Подшоҳи яҳудӣ ва масеҳиёни бегуноҳ”
Қариб 900 сомонӣ ҷарима. Муҷозоти нав барои волидони “хонандагони дарсгурез”
Арзиши навшудаи бозингарони чемпионати футболи Тоҷикистон маълум шуд
Ба сохтмони неругоҳи “Роғун” аз буҷет 7,3 млн доллар маблағи иловагӣ равона мегардад
Мулоқоти навбатии Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев
“Аудикитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оташ ва саҷда бар бут”
Радар ва камераҳои Душанбе. Дар куҷо насб гардида, кадом қонуншиканиҳоро сабт мекунанд ва андозаи ҷаримаҳо чӣ қадар аст?
“Аудикитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ишқи шоҳ ба каниз”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста