Дар Душанбе аз 20-уми июн радар ва камераҳои мушоҳидавӣ ба кор оғоз намуданд, ки ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд кардани суръатро сабт мекунанд. Лоиҳа бар асоси Созишномаи консорсиуми сармоягузорон амалӣ шуда, сохтори ваколатдори он КВД “Шаҳри ҳушманд” мебошад.

Бино ба маълумоти мутахассисон, яке аз cабабҳои аслии зиёд шудани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт баланд бардоштани суръат ва риоя накардани қоидаҳои ҳарактат дар роҳ ба шумор меравад. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат ва назорати риояи қоидаҳо дар роҳ, дар Душанбе низоми худкори сабти қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷорӣ шуд.

Оид ба дар куҷо насб шудани камера ва радарҳои автоматӣ, кадом қонушиканиҳоро сабт кардани онҳо ва ҳаҷми ҷаримаҳо маълумот медиҳем.

Низом чӣ гуна кор мекунад?

Камераҳо ва радарҳо ба таври автоматӣ қонуншиканиҳоеро аз қабили баландшавии суръат, гузаштан аз чароғаки сурх, баромадан ба хатти муқобил, риоя накардани талаботи аломатҳо ва хатҳои роҳ ва ғайра сабт мекунанд. Онҳо қонуншиканиҳоро аксбардорӣ намуда, рақами давлатии воситаи нақлиётро сабт мекунанд ва ин маълумотро ба Раёсати БДА ВКД ҶТ мефиристанд.

Баъдан, нозир ҳар як ҳолатро месанҷад ва танҳо пас аз тасдиқи қонуншиканӣ ҷарима таъин мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар вақти сабти қонуншиканӣ ҷарима фавран таъин намешавад. Агар маълумот тасдиқ нашавад (масалан, бинобар нокифоягии далелҳои қонуншиканӣ ё норавшании рақами давлатӣ), чунин маълумот барои ситонидани ҷарима истифода шуда наметавонад.

«Агар дар бораи адолат ва шаффофият ҳарф занем, тамоми маълумот ба таври худкор ба нозирони роҳ барои баррасӣ фиристода мешавад. Муттахассис маводҳоро (акс ва видеои кӯтоҳи қонуншиканӣ) месанҷад ва агар қонуншиканӣ тасдиқи худро ёбад, ҷарима таъин мешавад. Пас аз тасдиқи ҷарима, ба рақами мобилии соҳиби мошин SMS-хабарнома дар бораи ҷарима меояд.

Агар соҳиби мошин хоҳиши фаҳмидани тафсилоти ҷаримаҳои худро дошта бошад, ӯ метавонад бо қонуншиканиҳои худ дар портали www.neru.dc.tj шинос шавад, ки тариқи он баъди пурра аз қайд гузаштан, ба соҳиби мошин дар бораи сана ва вақти қонуншиканӣ, миқдори ҷарима ва далели қонуншиканӣ дар шакли акс ва видео маълумот пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дар ин портал ронанда метавонад аз болои қонуншикание, ки бо он розӣ нест, шикоят кунад», - шарҳ медиҳад Мари Веторази, намояндаи Консорсиуми сармоягузорон.

Чӣ гуна метавон ҷаримаро пардохт кард?

Барои санҷидани ҷаримаҳо аввал бояд дар портали система худро ба қайд гузошт.

Барои сабти ном маълумоти зерин лозим аст:

Насаб, ном, номи хонаводагии ронанда (ФИО);

РМА;

Аксҳои ҷониби пеш ва пушти шиноснома;

Рақами қайди давлатии воситаи нақлиёт;

Рақами шиносномаи техникии воситаи нақлиёт;

Аксҳои ҷониби пеш ва пушти шиносномаи техникӣ;

Рақами телефон ва гузарвожа (парол) барои воридшавӣ.

Пас аз санҷиш ва тасдиқи маълумоти ронанда аз ҷониби модераторони система, кабинети шахсӣ сохта мешавад, ки ронанда пас аз ворид кардани логин ва гузарвожа (ки қаблан ҳангоми гузаштан аз раванди сабти ном ворид карда буд) ба кабинети шахсӣ даромада, метавонад бо маводҳои қонуншиканӣ шинос шавад.

Маводҳои зерин дастрасанд: сана ва намуди қонуншиканӣ, акс ва видео-маводҳои қонуншиканӣ.

Дар маҷмӯъ, дар 135 нуқтаи кӯчаҳо ва чорроҳаҳои шаҳри Душанбе 317 камераҳои автоматии назоратӣ насб шудаанд.

Масалан, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар чорроҳаи кӯчаҳои Турсунзода ва Ҳусейнзода (назди боғи «Куруши Кабир»), дар чорроҳаи кӯчаҳои Соҳилӣ ва Деҳотӣ (ҳалқаи назди "Диагностика"), дар чорроҳаи кӯчаҳои Зебуннисо ва Фирдавсӣ (назди нуқтаи мошиншӯии Hankook) ва дигар ҷойҳо насб шудаанд.

Дар нуқтаҳои алоҳида ҳамчунин камераҳои назоратӣ бо комплекси (маҷмӯаи) радарӣ насб шудаанд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Ҷанубӣ (Южный), хиёбони Рӯдакӣ (назди боғи ба номи С. Айнӣ), хиёбони Ҳ. Шерозӣ (назди пули «Қасри Миллат») ва ғайра.

«Аз таҷрибаи кишварҳои хориҷии дорои чунин система бармеояд, ки ошкоршавии қонуншиканиҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба 96-98% мерасад», - изҳор дошт Шуҳрат Хушов, подполковники милитсия ва сарнозири давлатии шуъбаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳи ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе.

Оё мо пештар камераҳо доштем?

Системаи ҳозира бо ёрии камераҳои рақамӣ фаъолият дошта, аз системаи пешина, ки дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амал мекард, фарқ мекунад.

Камераҳои нав дар доираи лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» насб шудаанд, ки дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад. Сохтори ваколатдори он КВД «Шаҳри ҳушманд» мебошад.

«Мақсади асосии лоиҳа - таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ бо ёрии таҷҳизоти махсус мебошад, ки дар кӯчаҳои Душанбе насб шудааст. Муҳимтар аз ҳама, пас аз насби камераҳо ва радарҳо мо ба ронандагон метавонем дар бораи ҷарима паёми матнӣ фиристем ва онҳо имкон доранд, ки онро дар шакли электронӣ пардохт кунанд», - мегӯяд муовини директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Баҳром Мансуров.

Кадом қоидавайронкуниҳо сабт мешаванд?

Системаи нав 5 намуди қонуншиканиҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт мекунад. Аз ҷумла:

- Баланд кардани суръати муқарраршудаи ҳаракат;

- Итоат накардан ба огоҳиҳои (сигналҳои) чароғак;

- Баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ;

- Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ;

- Риоя накардани талаботи хатбандии роҳ.

Системаи автоматӣ ба ошкор намудани дигар намуди қонуншиканиҳо низ имкон дорад. Ҳангоми зарурат миқдори қонуншиканиҳои сабтшаванда метавонад зиёд шавад.

Ҳаҷми ҷаримаҳо чӣ қадар аст?


Маълумоти пурра дар бораи макони ҷойгиршавии камераҳо ва радарҳо, ҷаримаҳо ва дигар маълумот дар портали neru.dc.tj ё бо рақами 7788 қобили дарёфт аст.

Ронандагони муҳтарам, дар роҳҳо бодиққату эҳтиёткор буда, қоидаҳоро риоя кунед!