Як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе бо гумони куштор, ки дар заминаи низоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст, боздошт гардидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ дода, менависад, ки ҳодиса 5-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт рух додааст.

Ин ниҳод аз боздоштшуда Раҳимов Лутфулло ном бурдааст.

“Номбурда қаблан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо марҳум Мирзоев Шаҳром, сокини 20-солаи шаҳри Ҳисор нофаҳмиҳои лафзӣ доштаанд. Ин нофаҳмиҳо ба хусумату бадбинӣ табдил ёфта, номбурдагон санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи И.Сомонӣ бо ҳам вохӯрда, муноқиша ва якдигарро латукӯб кардаанд”, - навиштааст ин ниҳод.

Дар натиҷа гумонбаршаванда бо корде, ки бо худ оварда будааст, 8 маротиба ба узвҳои гуногуни марҳум зарба зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум кардааст.

Айни замон Раҳимов Лутфулло дастгир шуда, нисбаташ мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) парванда боз шудааст.

Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Айни замон ҳодиса аз ҷониби мақомот таҳқиқ мегардад.

Баҳсҳои лафзии ҷавонон ва наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран бо муноқиша ва задухӯрд ё кордзанӣ  меанҷомад. Омилҳои ин падида аксаран фишори ҳамсолон, ҳолати равонии онҳо, мавҷудият ва дастрасии силоҳи сард ва беаҳамиятии волидон гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, санаи 5-уми августи соли ҷорӣ миёни ду гурӯҳ наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт задухӯрд рух дод, ки дар натиҷа аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар дар пайи бардоштани ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардиданд. Пулиси пойтахт дар робита бо ин ҳодиса 6 наврасро дастгир карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.