Дар ноҳияи Зафаробод марди 34-солае бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт шудааст. Дар ин бора ВКД хабар дода, аммо аз исми зану шавҳар ном набурдааст.
Манбаъ гуфтааст, ҳамсари 28-солаи ин мард, ки сокини ноҳияи Зафаробод будааст, рӯзи 10-уми июл, тақрибан соати 11:30 дар оғилхонаи манзили истиқоматияш худро ба дор овехтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ин амали зан “муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш” нисбати ӯ будааст.
Дар ҳоле, ки назари боздоштшуда ва пайвандони ӯ дар робита ба ин ҳодиса маълум нест, мақомот гуфтааст, алайҳи шавҳари зан бо иттиҳоми “ба худкушӣ расонидан” (моддаи 109 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бар асоси ин иттиҳом, ба дастгиршуда аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ҳолатҳои ба худкушӣ расонидани келин аз ҷониби шавҳар ва ё хушдоман дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд шавҳару хушдоман бо ҷурми ба худкушӣ расонидани келини хонадон боздошт шуда буданд.
Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсадусадотарин соли 2022 дар ноҳияи Файзобод рух дода буд. Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли гузашта дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задаанд.
Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд.
Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста