Давоми соли гузашта ҳудуди 30 корманди мақомоти корҳои дохилӣ “бинобар сабаби гаронвазнӣ” ё фарбеҳӣ аз кор ронда шуда, баъди кам кардани вазн танҳо 13 нафари онҳо дубора ба кор баргаштанд.
Ин нуктаро Ҳусейн Халилзода, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД дирӯз, 7-уми август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ӯ гуфт, ки дар соли 2024-ум тақрибан 20 ҳазор корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз ташхиси вазн гузаронида шудаанд.
“Дар ин миён бинобар сабаби зиёд будани вазн беш аз 26 нафар аз кор дар мақомот озод карда шуда, ба онҳо муҳлат низ дода шуд, ки дар ҳолати ба меъёри муайян мувофиқ кардани вазни худ боз ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор гирифта мешаванд. Дар давоми як сол зиёда аз 13 нафар ба меъёрҳо ҷавобгӯ шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ баргардонида шуданд”,- гуфт Халилзода.
Афсаре, ки барои фарбеҳӣ аз корронда шуда буд, то ҳол ба кор барнагаштааст
Яке аз нафарони барканоршуда барои вазни зиёдатӣ, Барзу Бобоев, собиқ корманди Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД аст, ки қаблан дар як муроҷиат гуфта буд “бо сабаби гаронвазнӣ аз кор ронда шудааст” ва аз раисҷумҳур хоҳиш намуда буд, барои барқарор шудан ба кораш мусоидат кунад.
Ӯ дирӯз, 7-уми август дар як сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол ба кораш барқарор нашудааст ва мунтазири даъвати масъулин мебошад.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ҳам гуфт, замоне, ки номбурда ба вазни муқараршуда баргардад ва ба талаботи низомнома мувофиқ бошад бо кор таъмин мегардад.
Қаблан Барзу Бобоев гуфта буд, ки баъди нашри навор танҳо як маротиба ӯро ба Раёсати ВКД дар пойтахт даъват карда, баъди санҷиши қаду вазн гуфтаанд, ки боз 6 - 10 кг вазн кам кунад.
Номбурда он замон гуфта буд, ки 105 кг вазн дорад, ва вақти аз кор рондан 125 кг вазн дошт.
Қаблан, Нусратулло Маҳмадзода, дар шарҳи даъвои Барзу Бобоев таъкид карда буд, ки тибқи муқаррароти дар ВКД қабулшуда “қади милитсияи мард бояд аз 168 сантиметр ва милитсияи зан аз 160 сантиметр боло бошад. Вазнашон низ бояд ба баландии қадашон мувофиқат кунад ва шиками бузург низ надошта бошанд”.
Бояд гуфт, ки нахустин ҳолатҳои баркаронии кормандони мақомоти корҳои дохила бинобар гаронвазнӣ охири моҳи январи соли 2017 баъди як фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шуда буд.
Баъдтар чандин корманди милитсия бо сабаби фарбеҳӣ аз кор сабукдӯш гардида, ба қавли сухангӯи ВКД, бархе “мутахассисони хубу ботаҷриба” баъди коҳиши вазн дубора ба кор қабул шуданд.





Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста