Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷиро бо хоҳиши ҷониби ҳиндустонӣ ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои маориф, илму техника, савдо, сармоягузорӣ ва барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, шурӯъ аз соли 2001 ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон мунтазам аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Деҳлӣ парвозҳо анҷом медод. Аммо бинобар худкифо набудан, соли 2006 парвозҳо бо ин хатсайр боздошта шуданд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон соли 1992 роҳандозиву барқарор шуданд. Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз соли 1994 амал карда, сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон соли 2003 ифтитоҳ гардид.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста