Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Алӣ Осиф Зардорӣ иштирок мекунанд. Рӯзи сешанбе зимни вохӯрӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ин бора хабар дод.

Номбурда гуфт, дар муддати вақти боқимонда то конфронс изҳори хоҳиши иштирок дар чорабинии мазкур аз ҷониби сарони баъзе аз кишварҳои минтақа низ аз эҳтимол дур нест.

Ба гуфтаи ӯ, ба конфронс намояндагони 40 кишвари дунё дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 34 созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.