Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат итттилоъ доданд, дар ҷаласа сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод – Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир – Арманистон, Молдова ва Украина иштирок доштанд.

Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Аз ин хотир ин ҳамоиш ва мавзӯи асосии он дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.

 Сарвари давлати Тоҷикистон  зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт: «ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд.

Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки масъалаи дигаргунсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзишу баррасии васеъ қарор дода шавад.

 Муҳокимаи масоили вобаста ба оғози фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки 1 феврали соли равон таъсис ёфта буд, низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳамоиш ва қарорҳои дар он қабулшуда ба раванди мутаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои аъзои иттиҳод такон мебахшад.