Бо фармони вазири корҳои хориҷии Русия, мушовири сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тӯрабек Назаров ба муносибати 20-умин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси СААД бо медали «Барои хизмат дар ҳамкории байнулмилалӣ» сарфароз гардонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд, бо фармони вазири мудофиаи Қазоқистон, дипломатии тоҷик Тӯрабек Назаров барои саҳми босазо дар кори таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби СААД ҳамчунин бо медали «Барои ҳамкории байнулмилалии низомӣ» қадрдонӣ шуд.