Зимни мулоқот дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Оқил Оқилов ва Омурбек Бабанов масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои портали интернетии ҳукумати Қирғизистон, нахуствазирони кишварҳо атрофи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, транзити мол, рушди зербино, тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ғайра табодули афкор намудаанд.

Дар робита ба масъалаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва таъмини амнияти энергетикӣ, О.Бабанов зарурати роҳандозии фаъолияти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар таҳияву коркарди масоили техникиро зикр кардааст. Ӯ ҳамчунин суръат бахшидан ба ҳалли масъалаи сохтмони пул дар мавзеи Кулунду-Мақсад бо нигоҳдошти мақоми мавзеъ то анҷоми ҷараёни аломатгузории ниҳоӣ дар марзҳои давлатиро таъкид сохтааст.

Ҷонибҳо дар ин масъала ба тавофуқ расида, зарурати суръат бахшидан ба анҷоми корҳои аломатгузорӣ дар марзи давлатии миёни давлатҳоро мувофиқи мақсад донистаанд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз мекунад. Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ баррасии 30 лоиҳаву ҳуҷҷатҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориву ҳамгиройии кишварҳои узви иттиҳод дар назар аст. Баррасиву таҳлили лоиҳаҳои қарор дар бораи Консепсияи озодкунии бозорҳои хизматгузории молиявии кишварҳои узви ИДМ аз ҷумлаи масоили муҳими ҷаласа маҳсуб меёбад.