Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 6-7-уми июн дар Пекин таҳти раёсати раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао доир мегардад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Покистону Эрон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод дидору гуфтушунид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни ин мулоқотҳо оид ба масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳо, вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа табодули афкор сурат гирифта, ба масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетикаву иқтисод ва коммуникатсияву амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.