Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳо анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Тебиан электрик аппаратус (ТВЭА) Чжан Син масоили бунёд ва таҷдиди як зумра иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавачҷҷуҳи зиёд ба сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм – Душанбе ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 зоҳир гардид.

 аъкид гардид, ки лоиҳаи сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм – Душанбе баъди омӯзиши дақиқи комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ва оғози татбиқ пешниҳод карда мешавад.

Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бошад, тибқи тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ҳосилшуда бояд тезонда шуда, дар зарфи як соли оянда ба поён расонда шавад.