Шоҳзода Ҳусайн Оғохон - фарзанди Волоҳазрат Оғохон имрӯз 2-юми июли соли 2012 зимни як сафар ба Душанбе меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон хабар доданд, Шоҳзода Ҳусайн дар муддати сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон бо раванди иҷроиши барномаҳои ҷорӣ ва чашмандози барномаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар кишвар ошно мегардад.
Шоҳзода Ҳусайн бо ибтикорот ва барномаҳо дар заминаҳои фарҳангӣ ва муҳити зист машғул мебошад.
Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд, ки бунёдгузор ва раҳбари он Волоҳазрат Оғохон буда, аз шабакаи муассисаҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ки дар ростои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити иловагӣ барои ҷомеаҳо ва афроди ҷудогона, ки дар манотиқи дорои шароити сахт дар кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна зиндагӣ мекунанд, фаъолият мекунад. Нуҳ оҷонсии ин ташкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ барои ҳамаи афрод новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, қавмӣ ва динии онҳо кумак мекунад.
Заминаи фаъолияти ахлоқии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд шафқат ба табақаи ниёзманд мебошад.
Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ба мисли рушди иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди манотиқи рустоӣ, рушди фарҳангӣ ва хадамоти молиявӣ фаъолият дорад.Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар кишвар аз соли 1992 бо истифода аз таҷрибаҳои худ дар манотиқи кӯҳистон фаъолият мекунад. Ин ташкилот дар тамоми қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо пиёда сохтани барномаҳои худ ба мисли Памирэнерҷӣ, Tsell Telecommunications ва Нахустин Бонки хурди Молиявӣ анқариб барои 3500 нафар ҷойи корӣ муҳайё сохтааст.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста