Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос шуда бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлат зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад».

Президенти кишвар ҳамчунин изҳор дошт, ки «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад». Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию саҳмияҳои мардум ва масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.

Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон ва ҳамчунин табъу руҳияи баланди бунёдгузорони ин кохи нурофарин бараъло аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

 Зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун, ки бо иштироки масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ба роҳбарияту аҳли заҳмати онҳо доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, омодагӣ ба зимистон, барои ду сол захира кардани озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво супоришҳои мушаххас дод ва таъкид гардид, ки ин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ дахл дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷинояткорию қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастуру ҳидоятҳо дод.