Чанде қабл намояндаи тозатаъини доимии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов ба дабири кулли САҲА ҷаноби Ламберто Заннер эътимоднома супурд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот, ки баъди супоридани эътимоднома баргузор гардид, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА баррасӣ шуданд. Ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои идентификатсия ва таъмини амнияти шиноснома аз ҷониби Тоҷикистон изҳори қанаотмандӣ карда шуд.

Худи ҳамон рӯз дар Вена вохӯрии И.Насриддинов бо котиби иҷрокунандаи Комиссияи тадорукотии Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ ҷаноби Тибор Тот ҷиҳати супоридани эътимоднома баргузор гардид.

Баъди қабули эътимоднома ҷаноби ТиборТот аз муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Тибор Тот қайд намуд, ки созмон ҳар сол давраҳои гуногуни омӯзиширо дар соҳаи истифодаи нерӯи атомӣ баргузор менамояд, ва аз ин лиҳоз пешниҳод намуд, то ҷониби Тоҷикистон мутахассисони худро аз Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои илмию тадқиқотӣ ҷиҳати иштирок сафарбар намояд.