Субҳи имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данағараи вилояти Хатлон раҳсипор шуд. Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат мактабҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, президент ба фаъолияти гимназия-интернат барои 640 нафар хонанда ҳусни оғоз мебахшад. Дар муассисаи таълимии мазкур ду бинои 4-ошёнаи хобгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуданд. Айни замон дар ин ҷо сохтмони ду бинои истиқоматии 9-ошёна барои ҳайати омӯзгорони литсей идома дорад.

Фармоишгари иншооти зикршуда Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад. Воситаҳои пулӣ барои сохтмон дар ҳаҷми ҳудуди 62 млн. сомонӣ аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» ҷудо шудаанд.

Пагоҳ дар Данғара пас аз таҷдиди пурра боз як мактаб мавриди истифода қарор мегирад.