Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши серӯза оид ба рушди устувори манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи тадорукоти ҳамоиши мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Фаронса, Олмон, Англия, Муғулистон, Афғонистон, Русия ва Қафқоз ширкат варзида, атрофи масоили мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, амнияти ғизоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ табодули назар хоҳанд кард.

«Ба масоили ислоҳоти истифодаи замин, такмили механизми қабули қарор ва ҳамоҳангсозӣ барои паҳни идоракунии захираҳои замин бо назардошти таҷрибаи мавҷуда дар ин соҳа ва тарҳрезиву идоракунии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфтанд дар Кумитаи тадорукот.

Ба иттилои манбаъ, тибқи натоиҷи кори ҳамоиш оид ба пешбурди идоракунии захоири замин тавассути сиёсату усулҳо, стратегия ва тарҳҳо дар сатҳи миллӣ бо шумули мусоидат ба омӯзиш, омодагии касбӣ ва ҳамчунин барномаи таъмини баробарии имконот барои занон бахусус нисбати дастрасӣ ба замин, қарзҳо ва иттилоот тавсияву пешниҳодот ба ҳукумат ироа мегарданд.

«Табодули интерактивии таҷриба аз ҳисоби пойгоҳи донишҳо оид ба рушди устувори идоракунии захоири замин дар шабакаи Интернет сурат хоҳад гирифт, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ва идора карда шуда, дар ин ҳамоиш муаррифӣ хоҳад гардид», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар доираи кори Ҳамоиш аз озмунҳо миёни рӯзноманигорону аксбардорон, ки аз ҷониби созмони САМР Кӯҳистон бо дастгирии молиявии созмони хайрияи Оксфам дар Тоҷикистон эълон гардида буд, натиҷагирӣ хоҳад шуд.