Раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намудааст, ки ба озодии вакили қирғиз Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳ мусоидат кунад.

Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, вакилон ва раиси шаҳри Ботканд ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуд, аз ӯ дархост кардаанд, ки ба озодии вакил Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳи тафтишотии № 2-и шаҳри Хуҷанд мусоидат намояд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид.

Пас аз боздошти шаҳрвандони Қирғизистон сокинони ноҳияи наздимарзии кишвари ҳамсоя чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифта, озод кардани боздоштшудагонро талаб намуда буданд.

Ахири моҳи сентябр  мурофиаи судии боздоштшудагон оғоз гардид, вале дар робита ба таъини ташхиси судиву кимиёвӣ он дарҳол мавқуф гузошта шуд.