Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо Радаи Олии Украина Абдуҷалол Салимов дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина ширкат хоҳад варзид. Маъракаи интихобот ба парлумони Украина санаи 28-уми октябр баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, А.Салимов рӯзи 25-уми октябр ба шаҳри Киев раҳсипор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва Хуршед Раҳматов низ ба сифати гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина шомил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки 225 нафар вакили Радаи Олии Украина аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ ва нисфи дигари боқимонда дар ҳавзаҳои бузург (мажоритарӣ) интихоб мешаванд. Имтиёзи ба парлумон гузаштан барои ҳизбҳо 5%-ро ташкил медиҳад.

Натоиҷи таҳқиқоти ахир гувоҳи онанд, ки имконоти Ҳизби ҳокими минтақаҳои Украина ва нерӯҳои мухолиф дар ин интихобот қариб баробаранд.