Дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки «таърихиву тақдирсоз» ном мебаранд, сиёсатшиносони мустақил ибрози андеша намуданд.

Ба андешаи Абдуғанӣ Мамадазимов,  Шӯрои Олӣ ҳамчун як ниҳоди нави ҳокимияти халқ, ки ба низоми сиёсии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ рӯйи кор омадаву вале ҳоло пурра ба ин низом ҳамгиро нагардида буд, миллатро аз фаношавӣ наҷот дод. «Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ идеологияи коммунизм ва исломи сиёсӣ ба мухолифати шадид печида, корношоямии ҳокимияти президентӣ ва Совети вазирон баръало зоҳир гардид ва маҳз Шӯрои Олӣ ба туфайли нуфузи худ ба як майдони умумиллие табдил ёфт, ки дар он роҳбари нав интихоб шуд», - гуфт ӯ.

Сиёсатшиноси дигар Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки иҷлосияи мазкур ғалабаи Фронти халқӣ ва бохти нерӯҳои мухолифинро ба расмият дароварда, дигар пешниҳодоти мухолифин ба чизе таъсиргузор набуданд ва қарорҳои иҷлосия берун аз он, дар мулоқоту гуфтушунидҳои ҷудогона қабул мешуданд. «Ғайр аз ин, иҷлосия иваз шудани ҳокимият – истеъфои президент Набиев ва сари қудрат омадани роҳбарияти навро тасдиқ намуд, ки то ҳанӯз ҳукмронӣ мекунад», - иброз дошт сиёсатшинос.

Ба андешаи иштирокчии бевоситаи иҷлосияи мазкур, раиси ҲКТ ва вакили парлумон Шодӣ Шабдолов, мақомоти расмӣ ва ВАО-и ҳукумат иҷлосияро «тақдирсоз» унвон намуда, бештар ба муболиға роҳ медиҳанд. «Аҳамияти аслии иҷлосия дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар, хотима бахшидан ба кӯшишҳои ҷудоинадозӣ ва тариқи зӯроварӣ соҳиб шудан ба ҳокимият ифода меёбад», - гуфт раиси ҲКТ. - Вале иҷлосия ба пешгирии фоҷеаи аслии он замони Тоҷикистон – ҷанги бародаркушӣ муваффақ нагардид ва сипас маълум шуд, ки барои як гурӯҳи муайяне дар кишвар на коммунистон лозиманду на исломгароён».

Ба қавли Ш.Шабдолов, ҳокимияти дар иҷлосияи 16-ум барқароршуда пас аз ду сол Конститутсияи кишварро ба раъйдиҳии умумихалқӣ пешниҳод карда, дар асоси он ҳокимияти пурқуввати президентӣ рӯйи кор омад.

Ба бовари Шабдолов, имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар кишвар ислоҳоти конститутсиониро мебояд роҳандозӣ кард, то ки ба тоҷикистониён зиндагии шоиставу таҳсил ва кӯмаки тиббии ройгонро таъмин намуд.

«Ғайр аз ин, имрӯз моро зарур аст, ки баъзе ваколатҳои президентро бо вогузории онҳо ба дӯши ҳукумат ё парлумон маҳдуд созем. Масалан , ман сарфаҳм намеравам, ки чаро сардабирони ВАО-и ҳукумат аз ҷониби сарвари давлат таъин карда мешаванд, - афзуд Шабдолов.