Рӯзи 15 ноябр дар шаҳри Ҷибутии Ҷумҳурии Ҷибутӣ нишасти 39-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки се рӯз идома хоҳад ёфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳисоботи давраи раёсати он кишвар дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмонро манзур намуда, роҷеъ ба дастовардҳои Созмон дар ин давра ва мушкилиҳои мавҷуда иттилоъ дод. Инчунин Дабири кулли Созмон бо ҳисоботи муфассал суханронӣ ва аз таҳавуллоти як соли ахир дар олами исломро натиҷагирӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ҷибутӣ Исмоил Умар Гелле ҳозирини нишастро хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ аз масъалаҳои доғи олами ислом ёдовар шуд ва нақши созмон дар ҳалли он масъалаҳоро муҳим арзёбӣ намуда, аз кишварҳои узв ба амалкардҳои мушатарк даъват ба амал овард.

Нишасти навбатӣ зери шиори “Ҳамраъйӣ барои рушди устувор” баргузор гардида, дар он масъалаҳои мубрами кишварҳои узви Созмон ва олами ислом аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар кори нишаст ҳайъатҳои 57 кишвари узв, кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок доранд

Дар ин нишаст ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳти раҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок менамояд.