Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукру сипос аз сиёсати сулҳсозию ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳ ва рӯнамоии бинои нави осоишгоҳи овозадори Баҳористон иштирок намуд.

Дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ миёни сарвари давлат ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои Олии даъвати солҳои 1990-1995 ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар он солҳои вазнин ба халқу ватани худ хизматҳои пурарзиш намудаанд, суҳбати самимии тӯлонӣ сурат гирифт. Президенти кишвар ба ҳамаи онҳо бори дигар барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва дубора сарҷамъ намудани мардуми парешоншудаи Тоҷикистону аз нав бунёд намудани асосҳои давлатдории навини тоҷикон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ба роҳбарияти осоишгоҳи Баҳористон дастур дода шуд, ки барои истироҳату фароғат ва солимгардонии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Сипас бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави 6-ошёнаи осоишгоҳи Баҳористон расман мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити тиббии ташхису муолиҷа, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияҳои ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 ҷойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассисони хуби тиббию хизматрасонӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Шумораи умумии кормандони осоишгоҳ кунун ба 400 нафар расид.

Бо ифтитоҳи ин бино кунун осоишгоҳи Баҳористон имкон дорад, ки дар як баст то ба 800 нафар хизматрасонии хушсифат пешниҳод намояд. Дар фасли тобистон бошад имкон ҳаст, ки шумораи истироҳаткунандагон то ба ҳазор нафар дар як баст расонда шавад.