Чанде қабл дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, зимни суҳабт М.Кабирӣ зикр кард, ки аксари сиёсатмадорони Ғарб зимни арзёбии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм бархӯрди дугона доранд.

Раиси ҲНИТ бо ишора ба фоҷиае, ки  дар натиҷаи ҳамлаи нафаре ба кӯдакони мактабе дар Амрико бачаҳои бегуноҳ кушта шуданд, таъкид кард, ки чунин ҳамлаҳо чандин бор дар Амрико ва Ғарб сурат мегирад, аммо касе онҳоро террорист намегӯяд, балки онҳоро бемор муаррифӣ мекунанд.

«Аммо вақте як бемори равонӣ дар Покистон танҳо як духтараки мактабхонро маҷруҳ кард, тамоми васоити ахбори омма ин хабарро амали террористи исломӣ эълон ва чунин вонамуд карданд, ки Ислом зидди илму мактаб аст. Дар ҳоле, ки мо ин амали ифротиро маҳкум мекунем ва Ислом ҳам чунин амалро қабул надорад», - гуфт ӯ.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ашт Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти раҳбарии ноҳия низ мулоқот ороста, аз мактаб-интернати маҳаллӣ боздид намуд. Имрӯз дар Хуҷанд вохӯрии раҳбари ҲНИТ бо ҷавонон ва аҳли зиё баргузор мегардад.