Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки дар сатҳи 6.8 фоиз қарор гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба фаъолияти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар се соли охир аз ҷониби ин муассиса беш аз 42 миллион доллари америкоӣ маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди низоми идорӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, рушди инфрасохтор ва мусоидат ба сохторҳои молиявию ҳуқуқӣ барои беҳсозии пайвастаи фазои сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тиҷорати кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта самтҳои асосии раванди ҳамкориҳо ба таъмини амнияти озӯқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб сурат гирифт.