Дар бустонсарои ҳукуматӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров доир гардид. Дар мулоқот инчунин ҳайатҳои ду кишвар иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи созишномаҳоеро, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Россия ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар октябри соли 2012 ба даст омада буданд, инчунин ҳолати кунунӣ ва масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, соҳаи гуманитарӣ, амнияти сарҳадӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карда шуд. Вазирон инчунин ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. 

Ҳамрохон Зарифӣ хусусияти стратегӣ ва дарозмуддати шарикии ду кишварро қайд карда, иброз дошт, ки амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия гузошта шуда буданд, барои таҳкими минбаъдаи рабитаҳои стратегӣ хизмат хоҳад кард. 

Дар интиҳои мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар «Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2013»-ро ба имзо расониданд. 

Бояд қайд кард, ки дар доираи Барномаи мазкур ҳамкории вазоратҳо роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи робитаҳои дуҷониба, инчунин тайёр кардани кадрҳои Тоҷикистон барои хизмати дипломатӣ бо дастгирии ҷониби Россия дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дурнамои ташкили базаи таълимии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои миллии дипломатӣ баррасӣ карда хоҳад шуд.